Дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 иншоот ба истифода дода мешаванд
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни Истиқлолияти давлатиро муқаддас дониста, барои ҳифзи сулҳу субот ва оромию якдилӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, баҳри созандагию бунёдкорию ободии диёри хеш кӯшиш менамоянд. Ин аст, ки дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳибкорону сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 30 иншооти гуногунро ба истифода медиҳанд.
Хурсандиовар аст, ки дар арафаи ҷашни бузурги 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳои Шӯрчашма, Ҳасанобод, Ҷӯйбодом, Ҳоҷибоӣ, Пистамазор, бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин дар деҳаи Теппаи Самарқандии Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ таваллудхонаи минтақавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Албатта, дар бунёди ин иншооти муҳим, ки мушкилоти тиббии сокинони деҳотро бартараф менамоянд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва сокинони деҳот саҳми арзанда доранд».
Ҳамчунин дар маркази ноҳия бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар Ҷамоати деҳоти Зайнабобод корхонаи коркарди қуму шағал ва майдончаҳои варзишию хатҳои оби нӯшокӣ ба истифода дода мешаванд.
Имрӯзҳо дар ассоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоат вохӯрию суҳбатҳо ҷараён доранд. Ҳамзамон ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ бо иштироки сарояндагони бахши фарҳанг дар ҷамоатҳои деҳот кансертҳои идона баргузор гардида истодаанд.