Сарони ҳамаи кишварҳои узви СҲШ иштироки худро дар нишасти Самарқанд тасдиқ намуданд
Ҳамаи ҳашт кишвари узви Созмони ҳмкории Шанхай (СҲШ) иштироки роҳбарони худро дар нишасте, ки баргузории он 15-16 сентябр дар Самарқанд дар назар аст, тасдиқ карданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи ҷумъа, 26 август дар брифинги хосса Дабири кулли СҲШ Чжан Мин иттилоъ дод.
«То ба имрӯз ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аллакай иштироки роҳбарони худро дар ин нишаст тасдиқ кардаанд», — гуфт ӯ.
«Дар мавриди қолаби баргузории нишаст бояд гуфт, ки ҳамаи ҳашт ҷониб умедворанд ҳарчӣ зудтар ба сиғаи анъанавии мо, ки ин самараноктар аст, баргарданд», — зикр намуд ӯ.
«Аммо ҳама тарафҳо дарк мекунанд, ки пандемия воқеияти ҳол буда, вирус пайваста тағйир меёбад»,- афзуд Дабири кулл.
«Дар айни замон бисёр тағйирёбандаҳои номаълум мавҷуданд. Ҳоло ман пешгӯӣ карда наметавонам, аммо гуфта метавонам, ки ҳама ҷонибҳо умедҳои мусбат доранд», — таъкид кард ӯ.
Дабири кулл ҳамчунин зикр кард, ки нишасти дарпешистода марҳилаи муҳим дар рушди созмон хоҳад буд.