Бахшида ба Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир гардид
Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумхурии Точикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бахшида ба 1 май Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар шаҳри Душанбе нахустин ярмаркаи калони ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо пешниходи талаботи корфармоёни дохилӣ ва хориҷи кишвар, инчунин имкониятҳои касбомӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа иштирок намуда, кайд кард, ки Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ҷашнест, ки дар пасманзари муборакбодиҳо, ба мо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, мусоид гардонидани шароити меҳнат, муҳайё намудани фазои корӣ ва расидан ба зиндагии шоистаи меҳнаткашонро бозгӯ менамояд. Ба ярмарка аз ҷониби зиёда аз 100 корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла корхонаҳои азиму стратегӣ ва ширкати фаъолияткунанда дар НБО “Роғун”, Тоҷикэлектромонтаж, ширкатҳои Сиёма, Тселл, Ашан, бахши хусусӣ, инчунин ширкатҳои бонкии ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи кори холӣ шахрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтар пайдо доранд, пешниҳод гардид.
Дар баробари ин, ба иштирокчиёни чорабинӣ имкониятҳои васеи касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат, аз ҷумла дар МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар, ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, ки ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба хатмкунандагон сертификати сатҳи байналмилалӣ медиҳанд, муаррифӣ шуд.
Тоҷиддин Сатторзода,
“Садои Душанбе”