Президенти Қазоқистон хостори баргузории интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат дар кишвараш гардид

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев пешниҳод кард, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ тирамоҳи соли 2022 баргузор карда шавад. Ин пешниҳод зимни суханронии ӯ дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумон садо дод, хабар медиҳад Агентии байналмилалии иттилоотии (АБИ) «Kazinform».

«Пешниҳод менамоям, ки тирамоҳи соли равон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор карда шавад. Барои татбиқи муваффақонаи ислоҳоти куллӣ ва фарогир дар роҳи бунёди Қазоқистони одилона ваколати нави эътимоди мардум зарур аст», — гуфт Қосим-Жомарт Токаев.

Президенти Қазоқистон пешниҳод намуд, ки ваколати президентӣ бо як давраи 7-сола маҳдуд карда шавад.

Илова бар ин, ӯ пешниҳод намуд, ки интихобот дар Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) ва маслиҳатҳои ҳама сатҳҳо (мақомоти намояндагии маҳаллӣ) нимаи аввали соли 2023 баргузор гардад. Ба гуфтаи ӯ, ин имкон медиҳад, ки ҳайати парлумон нав карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки дирӯз Қосим-Жомарт Токаев дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумони Қазоқистон ба мардуми кишвараш паём ироа намуд. Қисми асосии паём ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бахшида шуда буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE