Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омад
4-8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.
5 сентябр ҳайати болозикр бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти дигар вазорату идораҳо ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор дар сиғаи “В2В” миёни ширкатҳои тоҷикӣ ва туркӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон тибқи барномаи сафар баргузории нишастҳои корӣ бо ҷалби доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо дарназардошти боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.