ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ “САД РАНГИ ЧАКАН” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, он пеш аз ҳама, рамзи баҳор буда, гулдухтарони тоҷик онро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар менамоянд. Дар ин замина, санаи 21 сентябри соли 2022 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад. Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Самӣ Шариф Ҳамид, муовини раис, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарина, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, директори МД “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳия, директори МД “Телевизиони Душанбе”, мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва дигар шахсони масъул дар маҳаллаи Азизбекови ноҳия Маркази «Сад ранги чакан» ифтитоҳ ёфт.


Масъулин аз шароити фароҳамгардида дар ин маркази омӯзишӣ дидан намуда, ба ҳунармандон дар фаъолияти оянда бурдбориҳо таманно карданд.
Бояд қайд кард, ки марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст ва минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда хоҳад шуд. Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳанг, тамаддун, урфу одат ва либоси миллиашон мешинохтанд ва ин рукн ҳанўз ҳам риоя мегардад. Тоҷикон дорои фарҳанги қадимиянд ва аз таҷрибаҳо бармеояд, ки либосҳои миллии мо қудрати муаррифӣ намудани миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ доранд.

Манбаъ: https://www.i-somoni.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE