Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беэътиборӣ ё беэҳтиромиро нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ номиданд

Имрӯз, 27 сентябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беэътиборӣ ё беэҳтиромиро нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ номиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба зикри Пешвои миллат, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

«Дигар ин ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад, — иброз доштанд Президенти мамлакат. — Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад».

Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

«Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст», — ёдовар шуданд Сарвари давлат.

Бояд зикр намуд, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE