Дар Қазоқистон нишасти сарони давлатҳои ИДМ доир мешавад

Моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ, ҳамчунин нишасти Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва нишасти «Осиёи Марказӣ-Россия» баргузор мешавад. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.

Ба ин муносибат Вазорати корхои хоричии Қазоқистон барои намояндагони матбуот муроҷиатномаи махсус нашр кард.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон кушодашавии аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро барои инъикоси рӯйдодҳои зерин эълон мекунад: 13 октябр – нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, 14 октябр — ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, 14 октябр – нишасти «Осиёи Марказӣ- Россия»,- гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Баъдан дар ҳуҷҷат шартҳои гирифтани аккредитатсия нишон дода шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE