Мулоқоти Шарифзода Фаррух бо вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон

30 сентябри соли 2022 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух бо вазири саноат ва масолеҳи сохтмонии Туркманистон Аннамаммедов Баймират баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои мухталифи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE