ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

3 октябр, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо иштироки Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ доир гардид.ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Бояд изҳор дошт, ки дар ҳамоиш директорону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар низ дастовардҳои муассисаҳо хешро ба марази тамошо гузошта буданд. Ҳайати меҳмонон аз дастовардҳои хонандагону омӯзгорони муассисаҳо дидан намуда, ба онҳо барои фаъолият ва рушди бесобиқаи минбаъда маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас, дар толории маҷлисии муассисаи таълимии Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон доир гардид. Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар баромад намуда, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд изҳор намуд. Мавсуф қайд дошт, ки намоядагони тамоми касбу кор зери дасти омӯзгор тарбия меёбанд ва маҳз заҳмату машаққати эшон аст, ки шогирдонашон номбардори худу атрофиён мешаванд, аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор бояд дар мадди аввал бошад.

Ҳамин тариқ, як қатор омӯзгорон бо нишони сарисинагии Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Ифтихорномаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир намоиши фарҳангии омоданамудаи хонандагон хотири ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матуботии раиси шаҳри Бохтар

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE