Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳ дар шарқи мамлакат беш аз 203 млн доллар ҷудо менамояд

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма то ноҳияи Рӯшон 203,9 млн доллари амрикоӣ ҷудо менамояд, хабар медиҳад «Авесто».

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баррасии масъалаи мазкур дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  гуфт, ки  маблағҳои мазкур дар асоси грантӣ дода мешаванд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки 16 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.

Душанбе-Хоруғ-Қулма- шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалии мошингард аст, аммо бисёр қитъаҳои он душворгузар мебошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ  тамоми шоҳроҳҳо, аз Душанбе то минтақаҳо, ба истиснои роҳи асосии Бадахшон — аз Қалъаи-Хумб то Хоруғ ва минбаъд то марз бо Чин  таъмиру  бозсозӣ   шудаанд.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ роҳи мазкур бинобар ин ки тавассути он молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, хеле муҳим аст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки барои навсозии қитъаи 92 километраи роҳ аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон 230 млн доллар зарур аст. Дар доираи лоиҳа сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE