Дар доираи Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд

11-12 октябр бо ибтикори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон Конфронси 4-уми Берлин оид ба иқлим ва амният (BCSC-2022) баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов иштирок намуд.

Дар маросими ифтитоҳ Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анналена Бербок ва якчанд нафар мансабдорони воломақоми кишварҳои хориҷӣ сухан гуфтанд.

Ҳангоми ду ҷаласаи канорӣ дар мавзӯи “Устувории минтақавӣ: намунаҳои амалиёти амниятӣ дар соҳаи иқлим дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ” ва “Ба сӯи Осиёи Марказии сабз: сиёсати хориҷии боздоранда ва устувор дар самти иқлим” роҷеъ ба ҳамкории минбаъда ва тарҳрезии лоиҳаҳои нав миёни кишварҳои минтақа ва Олмон музокирот сурат гирифт.

Дар вохӯриҳои алоҳидаи Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатон ба ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023), эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо ҷалб гардид.

Дар кори конфронс вазирони корҳои хориҷӣ, котибони давлатии вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин тарафҳои манфиатдор аз ниҳодҳои ҳифзи муҳити зист, об ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE