Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ доир гардид

Ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Имсол Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ баргузор намуд.

Дар ҳамоиш нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» манзури ҳаводорони кино гардид, ки он филми бадеии кӯтоҳ мебошад. Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст. Филм дар Фестивали байналмилалии кинои Қазон ва Фестивали байналмилалии кинои  «Адабиёт ва кино»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст.

Бояд таззакур дод, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тӯли 93 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст.  Он ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошта, имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE