Вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид 

Аз 16 то 21 октябри соли 2022 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳо оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон таҳия шуданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.Дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE