Китоби «Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо» ба нашр расид
«Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо» таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид, ки муаллифони он дотсенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён ва корманди Радиои Точикистон, номзади илми филология Фирдавси Низом мебошанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ин монография ҳамчун манбаи мукаммали иттилоотию таҳлилӣ ба доираи васеи хонандагон тавсия шуда, муаллифон кўшиш намуданд, ки ташаккул, мушкилот ва ояндаи журналистикаи интернитиро дар Тоҷикистон баҳо дода, дар ин замина пешниҳоди худро манзур созанд. Дар китоби мазкур дар боби хосса ба масъалаи робита бо ҷомеа (PR) ва мухобироти сиёсӣ дахл карда шудааст.
Муаллифон дар муқаддима, аз ҷумла овардаанд: «Рушди технологияҳои ҷадиди иттилоотиву иртиботӣ, ки ба як ҷузъи муҳимтарини ҳайёти рўзмарраи башарият табдил ёфтааст, инсониятро дар рўбарўйи воқеиятҳои тасаввурнашаванда гузошт. Истифодаи босамари ин василаҳо дар муносибатҳои иттилоотии муосир сабаб шуд, ки таъсиргузории иттилоот ба равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бештар гардад».
«Табиист, ки ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони муосир журналистикаи ватаниро ногузир ба ин раванди муносибатҳои нави иттилоотӣ шомил месозад. Ҳоло интернет василаи муҳимми табодули иттилоот буда, сомонаҳои махсуси интернетӣ чун расонаҳои онлайнӣ ва муҳтавои онҳо ҳамчун асари журналистӣ шинохта мешаванд, аммо дар ин хусус андешаҳо гуногун буда, ҳанўз хулосаи илмӣ бароварда нашудааст»,-омадааст дар китоб.
Ба андешаи Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом, «интернет дар назария ва амалияи низоми иттилоотии ҷаҳон шохаи наверо ба хусусиятҳои фарқкунанда ва имконоти фарохтари худ ба вуҷуд овард, ки онлайн-журналистика ва ё интернет-журналистика ном дорад. Оммавӣ шудани интернет дар кишвари мо низ шаклҳои гуногуни онлайн-журналистикаро ба шакл даровард. Шароити ҷаҳонишавӣ моро дар рўбарўйи раванду ҷараёнҳои навпайдои муносибатҳои иттилоотӣ қарор дод. Корҳои таҳқиқотӣ метавонанд барои интегратсияи интернет бо воқеияти сиёсиву иҷтимоӣ ва қонуниятҳои журналистӣ дар сатҳи миллӣ мусоидат намуда, пешрафту такомули тадриҷии ин соҳаро таъмин созад».
«Пажўҳиши журналистикаи интернетӣ нишон дод, ки шохаҳои алоҳидаи он, монанди журналистикаи чандрасонаӣ, қонуниятҳои журналистӣ дар шароити муносибатҳои нави иттилоотӣ, журналистикаи таҳлилӣ (дата-журналистика), ҳолат ва дурнамои журналистикаи интернетӣ дар минтақаҳои кишвар ва шаклҳои нави реклама дар журналистикаи интернетӣ, аллакай дар мисоли муҳити расонаии Тоҷикистон арзиши илмӣ пайдо кардаанд. Доир ба ин шаклҳо пажўҳои илмию оммавӣ сурат гирифта бошад ҳам, дараҷаи таҳқиқ ва шеваи нигориши онҳо мухталиф аст»,-тазаккур дода шудааст дар китоб.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар ҳамин соҳа бо забони русӣ китоби дигари дотсенти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳамидиён таҳти унвони «Фаҳмиши назариявӣ ва татбиқи ҳадафҳои маркетингии ВАО-и корпоративӣ дар Тоҷикистон», (Теоретическое осмысление и реализация маркетинговых целей корпоративных СМИ Таджикистана. – Душанбе, 2022. – 208 с) ба нашр расид. Китоби мазкур таҳлили ҷанбаҳои назариявии ВАО-и корпоративӣ дар Тоҷикистон ва татбиқи онро дар бар мегирад.
Дар бахши дуюми китоб мақолаҳои публитсистии муаллиф дар як соли охир ба ду забон гирд оварда шудаанд.