Дар маҳаллаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷалби 320 корманди зерсохтори Раёсати тандурустӣ 1500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз (арча) шинонида шуд. Дар ин бора аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин тадбир дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе анҷом дода шуд.
Ин иқдом ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва барои дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Сарвари давлат мусоидат менамояд.