Тоҷикистон ва Узбекистон рақамикунонии низоми таҳсилотро баррасӣ карданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов 1 март вохӯрӣ намуд. Дар ин бора радиои Садои Душанбе бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории дуҷониба изҳори назар намуда,  таҳкими равобит дар соҳаи маориф, табодули таҷрибаи пешқадам ва рақамикунонӣ дар низоми таҳсилотро баррасӣ карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE