Наташа Пиртс-Мусар дар интихоботи президентии Словения пирӯз гардид

Ҳуқуқшинос Наташа Пиртс-Мусар, ки номзади ғайриҳизбӣ буд, дар даври дуюми интихоботи президентии Словения пас аз коркарди садфоизаи баргаҳои раъй пирӯз гардид,- хабар медиҳад ТАСС.

Бино ба маълумоти Комиссияи давлатии интихоботии Словения, Пиртс-Мусар 53,89 фоизи овозҳоро гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ба рақиби ӯ- собиқ роҳбари департаменти корҳои хориҷии Словения Анже Логар 46,11 фоизи интихобкунандагон овоз додаанд.

Наташа Пиртс -Мусар 23 декабри соли 2022 ба иҷрои вазифаи президенти Словения шурӯъ мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE