Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи комиссияҳои доимии АБ ИДМ иштирок намуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора аз матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи «Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими фаъолияти парламенти касбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар айни замон хусусияти бисёрҷониба касб намудаанд, ки бо печида шудани равандҳои байналмилалӣ, рушди ҳамгироӣ, пайдоиши таҳдиду хатарҳои нав ва дигар омилҳои муассир алоқаманданд.

Гуфта шуд, ки тайи сӣ соли охир мақоми олии намояндагии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва татбиқи низоми ҳамкории байнипарлумонӣ бо кишварҳои соҳибистиқлол, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ талошҳои зиёд ба харҷ додааст.

Ба шарофати ин талошҳо дар марҳалаҳои гуногуни таҳкими истиқлолияти давлатӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвари мо бо ҳамкории судманду муассир бо парлумонҳои давлатҳои хориҷӣ дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ нақши муҳим мебозад.

«Мехоҳам бори дигар нақш, мавқеъ ва саҳми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ-ро ҳамчун платформае зикр намоям, ки дар он қонунҳои намунавӣ дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гардида, барои таҳким ва такмили қонунгузории миллӣ имкон медиҳанд. Инчунин, тағйироте, ки ҳамасола дар соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат ба вуҷуд меояд, ба баланд шудани савияи касбии вакилони парлумони мо мусоидат мекунад,-гуфт дар интиҳо Зоир Раҳмонзода.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE