Дастаи «Ваҳдат» ғолиби мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) гардид

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 2 декабр, маросими ҷамъбастии лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) баргузор шуд, ки дар он ғолибону ҷоизадорон мукофотонида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва дигар меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд.

Ғолиби мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) имсол бо дарёфти 40 имтиёз дастаи «Ваҳдат» гардид. Даста таҳти роҳбарии Юсуф Абдуллоев ба ин дастовард мушарраф гашт. Наврасони шаҳри Ваҳдат дар 18 бозии мавсими имсола 12 пирӯзӣ ба даст оварда, 4 вохӯриро мусовӣ анҷом доданд ва танҳо ду маротиба шикаст хӯрданд.

Медалҳои нуқраи чемпионат насиби дастаи МҶМОВ-2-и Душанбе (37 хол) таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳасан Раҷабов гардид. Бачаҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ҷойи сеюмро (35 хол) гирифтанд.

Дар маросими ҷамъбастӣ дар қатори ғолибону ҷоизадорони чемпионат, ҳамчунин ба футболбозону мураббиён ва дастаҳои алоҳида ҷоизаҳои инфиродӣ супурда шуданд. Ҷоизаи «Fair Play» ба дастаи «Кимиё»-и Исфара тақдим шуд. Ба сармураббии дастаи МҶМОВ-2 Ҳасан Раҷабов мукофоти махсус супорида шуд. Бозигари беҳтарин дар ҳайати барандаи медалҳои биринҷӣ МДМВ-и Кӯлоб Микдод Розиқов эълон гардид. Юсуф Абдуллоев беҳтарин мураббӣ дониста шуд, ки бо роҳбарии ӯ тими «Ваҳдат» медалҳои тилло ба даст овард. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини лига ба Назрулло Сангалиев (МҶМОВ-2) тақдим шуд, ки дар мавсими анҷомшуда 26 гол ба самар расонд. Ва беҳтарин бозигари мусобиқа Зиёвуддин Каримов («Ваҳдат») эълон гардид.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) бо дастгирии Ассотсиатсияи футболи Ҷопон (JFA) баргузор мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE