Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ба маблағи 50 млн доллар Созишномаи грантӣ ба имзо расониданд

Имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барномаи такмили бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ–зербарномаи 2» Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маблағи умумии барнома 50 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии рушд бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Созишномаи мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Осиёии рушд хонум Шенни Кемпбелл–Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE