Суннат Абдуллоев дар Боку медали биринҷӣ ба даст овард

Дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштин миёни наврасони то 17-сола варзишгари дигари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора КМОТ иттилоъ додааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Исоҷон Нурмаҳмадзода (-71кг) дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни -80кг-и равияи тарзи озод сазовори медали тилло шуда буд.

Мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон 16-19 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир гашт.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.

Акс аз КМОТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE