Нукта аз Паём: Соли равон 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 2,1 млрд сомонии соли 2018 то 14,7 млрд сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки дар 5 соли охир танҳо ба рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.