Соли 2022 муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд
Соли 2022 ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 115 нақлиёти ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла 6 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 50 адад ба вилояти Хатлон, 28 адад ба вилояти Суғд, 12 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 16 адад ба шаҳри Душанбе ва 2 адад ба муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ дастрас гардид.
Дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар соли 2022, ки 5 январ дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид, хабар дода шуд.