Дар Димишқ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия баррасӣ шуд
21 июл дар Димишқ муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин худи ҳамон рӯз дар Димишқ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли 2019 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.