Мулоҳиза ва бардоштҳои Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки 23 декабри соли 2022 ироа намуданд, аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, ки бояд ватандӯсту ватанпараст бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошанд. Дар ҳошияи Паёми Сарвари давлат Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба унвони АМИТ «Ховар» мулоҳизаву бардоштҳои худро ирсол кард, ки манзури хонандагон гардонида мешаванд.
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд. Вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Қобили тазаккур аст, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.
Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Боиси таваҷҷуҳи хос аст, ки дар қонун тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию динӣ, категорияи иҷтимоӣ, мавриди назар буда, аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар тақозо мешавад, ки бо асосгирии меъёрҳои қонуни мазкур, дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.
Дар баробари ин, табиист, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон буда, қишри мазкур меросбари ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании кишварро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Чунончи аз суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар (ш. Душанбе, 21.05.2021) бармеояд, Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфузи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 сол ва зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат бо дарназардошти ин вазъ, дар асари гаронарзиши хеш «Уфуқҳои истиқлол» [Душанбе: «Ганҷ-нашриёт», 2018.- 436 саҳ.], ки фарогири моҳияту аҳамият ва нақши истиқлоли давлатӣ дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, касби эътибори баланди байналмилалии кишвар ва некуаҳволии мардуми шарифамон дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, бо худогоҳии амиқи мардумӣ, ибораи «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебаранд: «…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо маҳз ҳамин аст» [с. 6].
Имрӯз ҷомеаи мадании кишвар пай бурдааст, ки ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу борвар табдил хоҳад ёфт ва меваи ширин хоҳад дод, ки пайваста ба нигоҳубин ва парвариши он таваҷҷуҳ дошта бошем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш ва афзудани дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, дилсӯзиву масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро фалсафаи ҳастӣ чунин аст ва таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият дар қиёс бо ноил шудан ба он амри мушкилтар аст.
Асосҳои ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.
Қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инак, қабули ду санади муҳимму стратегии дигар дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбанд.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватандӯстӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таьрих ва фарҳанги пурѓановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд. Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.
Бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо дар низоми қонунгузории кишвар зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷой дошт.
Маврид ба зикр аст, ки дар миқёси давлатҳои пасошӯравӣ чунин лоиҳаи қонун танҳо дар Федератсияи Россия таҳия гардида, ҳанӯз дар баррасии Думаи Давлатии ин кишвар қарор дорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардида, амал мекунад. Дар Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо ин мавзуъ қисман дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла дар қонунҳо дар бораи маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон танзим гардида, қонуни алоҳидае қабул нашудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шуда, зимни баррасӣ дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум санаи 2 ноябри соли 2022 тасдиқ гардид.
Қабули қонуни мазкур хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Он масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар густаришу инкишофи кишвар, пос доштани манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд бардошта, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бавижа дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли навраси солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар ин заминаи ҳуқуқӣ принсипҳои асосӣ ва умумии таҷассумкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамчун ангезаи воқеӣ ва ҳадафнок амалӣ гардидани раванди мазкур муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:
– муносибати мураттаби ташкилӣ, ки ҳамоҳангии кори тамоми ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар бар мегиранд;
– кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад;
– гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмуии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд;
– ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ-маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд;
– ошкор ва мустақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигарондашуда.
Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бевосита бо мақсади муқаррар намудани кафолатҳои давлатии механизмҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни соҳаи тарбияи ватандӯстӣ равона мешавад. Бо ин назардошт, дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳо вазифаҳои мушаххас ҷиҳати амалӣ сохтани раванди мақсадноку ҳадафмандонаи сиёсати давлатӣ дар ин ҷода муқаррар мегардад. Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ низ вазифаҳои муайянро фаро мегирад:
– таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқие, ки фароҳам овардани шароити фаъолияти озод ва рушди низоми тарбияи ватандӯстиро таъмин менамояд;
– фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои мутобиқ гардондани манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;
– муайян намудани вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;
– тақсим кардани ваколатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ байни мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд.
Дар асоси қонуни алоҳида пешбинӣ гардидани ташаккул ва рушди раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, яъне таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи мазкур ҷиҳати такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва муайян намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаи ҳар як мақоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, равона карда мешавад.
Тарбия дар қонуни мазкур падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ маънидод мешавад, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд.
Ватан ба мафҳуми «Тоҷикистон» баробар гузошта шуда, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба ин сарзамин шарти зарурии некуаҳволии худ медонанд, ташреҳ мешавад.
Ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, содиқона ба манфиати онҳо хизмат кардан ва ҳифзи онҳо аз душман маънидод шудааст.
Тарбияи ватандӯстӣ – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон буда, барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимои манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст.
Ҳамзамон бо ин, дар қонуни қабулшуда мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ», «ҳисси шаҳрвандӣ»мушаххас таъриф шудаанд, ки самтҳои муҳимму бунёдии тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб рафта, фарогирии ҳамзамону муттасили шаҳрвандон, хоса наврасону ҷавонон ба ин навъи тарбия ва ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ, сифатҳои олии ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба калонсолону арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, илмомӯзиву тахассусмандӣ, меҳнатдӯстиву эҷодкорӣ, фаъолияти содиқонаву касбӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ, далериву шуҷоат, матонату ҳусни тадбир дар онҳо баҳри баркамолрасонии насли ҳаматарафа солиму босалоҳият, меросбарони шоистаи давлатдории миллӣ, ватандорони ояндаи ин сарзамини аҷдодиву биҳиштосо аз мақсаду вазифаҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ – зербинои устувору боэътимод барои баркамолрасонии насли солиму ватандӯст
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҷмуи тадбирҳое дониста шудааст, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор – хизмати сазовор ба Ватан равона карда мешаванд.
Дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, тарбияву парвариши насли солиму ватандӯст дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, ҷавонони хушзавқу ихтироъкор ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва ояндаи пойдори ҳар ҷамъияту давлат мебошад. Дарки саривақтӣ ва хиради волои давлатдории Пешвои муаззами миллат аст, ки дар асари хеш «Уфуқҳои истиқлол» чунин таъкид намудаанд: «Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳамияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро азбар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад» [с. 314].
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «худогоҳӣ»– «аз таъриху сарнавишт ва тамаддуни миллати худ ва кишвари хеш огоҳ будан» маънидод шудааст.
Мулоқотҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони кишвар дар арафаи Рӯзи ҷавонон (23 май), таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015), «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, бевосита таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат бо мукофотҳои калони пулӣ ва имтиёзҳои баланди соҳавӣ ташкил ва баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ба ин васила дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, тақдими асари таърихии «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар, бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон далели таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат ба ин қишри пешбарандаи соҳаҳои хоҷагидории мамлакат, ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбад.
Ҳифзи истиқлолияти миллӣ аз ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ иборат аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи имрӯзаи кишварро зарур аст, ки ин арзишҳои фарҳангиву маънавии халқамон – амонату мероси гаронбаҳои аҷдодиро ба беҳтарин шакл ҳифз намоем ва барои татбиқу самаранокии он дар ҳаёти иҷтимоӣ талош карда, бо ҳусни тадбир ва равиши ҳасана ба ояндагон илқо созем.
Роҳбари давлат, бо дарназардошти пайомадҳои асри иттилооту рақамикунонӣ, дастрасии фаровони иттилооти таъйиноти гуногун, таъсири моҳвораву шабакаҳои бемаҳдуди иҷтимоӣ ба ахлоқи ҷавонону наврасон таъкид менамоянд: «Дар замоне ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) вақте перомуни сиёсати давлатӣ оид ба мавқеи занону бонувон сухан мегуфтанд, дар баробари зикри нишондиҳандаҳои оморӣ ва ташаббусҳои пешбинишуда дар ин самт, аз занону бонувон – модарони миллат самимона даъват ба амал оварданд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои мансабӣ ва уҳдадориҳои идорӣ, дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстии фарзандони миллат, насли наврасу ҷавон, нури дидагону сурури қалби моён, ояндаи давлату миллат саъю талош, ҷидду ҷаҳди беш аз пеш ба харҷ диҳанд. «Дар ҳамин масъала кумаки шумо ба мо лозим аст» — гӯён бо оҳанги падари дилсӯзе, ки аз ҷигарбандонаш бо камоли меҳру ғамхорӣ хоҳиш ба амал меорад, ба занону бонувон муроҷиат карданд.
Ин муроҷиату таъкиди Пешвои миллат аз он ҷиҳат буд, ки агар модарони миллат бо қудрати сеҳрофари меҳри модарӣ, оғӯши гарму сурурбахши хеш фарзандонро дар масири ахлоқи ҳамидаву хулқу атвори наку роҳнамоӣ насозанд, бо лаҳни ширину гӯшнавоз ва аллаи дилнишин дурдонаҳои ахлоқу маънавиёт, зарурати покизагии сиришт, дилу нияти нек ва меҳнату заҳмати ҳадафмандона, ҳисси ватандӯстиву соҳибдавлатиро дар замири ҷигарбандони миллат коштаву давоми даҳсолаҳо парвариш накунанд, танҳо фаъолияти мактабу маориф ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ самараи мавриди назарро ба бор нахоҳад овард.
Бале, оила ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ объекти муҳимми ватандӯстӣ дониста мешавад. Шабоҳат додани миллат бо оила ҷузъи таркибии сиёсати миллӣ мебошад, ки аз бисёр ҷиҳат низоми арзишноки идеологияи миллӣ ва рамзҳои онро ифода менамояд. Муносибат бо волидайн шакли муқарраргардидаи муносибатҳои стандартии фард бо умумияти сиёсӣ мегардад. Агар ба таври қатъӣ гӯем, бе арзиши модарӣ/падарӣ арзиши Ватан вуҷуд надорад. Модар ва падар ҳамчун объекти меҳру муҳаббат ва ҳамчун рамзи дӯстоштанӣ бо ѓояи ватандӯстӣ алоқамандии зич дорад.
Ҳамин тариқ, ватандӯстӣ инъикосгари муҳаббат ба Ватани хеш, алоқамандӣ бо таърих, фарҳанг, дастовардҳои он мебошад, ки бо ҷаззобият ва ҷудонопазирии такрорнашавандагӣ ва ивазнашавандагии худ асоси маънавӣ — ахлоқии шахсиятро ташкил медиҳад, мавқеи шаҳрвандии ӯ ва талабот ба хизмати фидокорона ва ҷоннисорона ба Ватанро ифода менамояд.
Хулоса
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар давлатҳои соҳибистиқлоли миллӣ, ба монанди Ватани азизу маҳбуби мо – кишвари ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои «иқтисоди сабз» ва дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.
Қабул ва татбиқи санади қонунӣ дар сатҳи мақоми олии қонунбарори кишвар «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи ин раванди фарогир, ки танҳо бо сафарбаршавии неруи зеҳниву ақлӣ ва ҷисмонии тамоми аъзои ҷомеаи мадании кишвар самараи дилхоҳ хоҳад дод, гӯёи талаботи таъхирнопазири замон будани он аст.
Мутмаинем, бо татбиқи самараноки ин санади муҳимми давлатдорӣ, бо тарбия ва парвариши насли ҳаматарафа обутобёфтаву баркамол, бо афкори солиму созанда, соҳибони ғояҳои ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, фарзандони шоистаи замон, нухбагони касбу кори гуногун, меросбарони бошарафи сарзамини фарзонагон, пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон зевари харитаи сиёсии олам хоҳад буд.
Илҳоми мо, эътимоди мо, иттиҳоди мо, ғайрату шуҷоати мо маншаъ дар боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки дар Паёми ояндаафрӯзашон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) илқо шуд: «Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа