Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба наворгирии филми нави ҳунарии «Решаҳо»-ро оғоз кард

Филм қиссаи ҷавонеро баён мекунад, ки пас аз солҳои дурӣ аз Ватан, аз муҳоҷират ба Тоҷикистон бармегардад, то падари худро пайдо карда, бо решаҳои аслии худ ошно шавад. Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод буда, коргардонии онро Абдулҳай Зокиров ба уҳда дорад.

Наворбардорӣ дар шаҳри Душанбе, дар маконҳое чун фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва ибодатгоҳи насронӣ оғоз ёфта, то минтақаи Сари Хосор идома меёбад.

Дар филм ҳунармандони маъруф Мавлона Наҷмиддинова, Зулфия Содиқова, Фирӯза Раҳмонова, Абдумумин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев, Умед Султонов, Фарид Мастонов ва дигар чеҳраҳои шинохтаи санъати миллӣ нақшофарӣ мекунанд. Ҳамчунин, ҳунармандон аз театрҳои шаҳрҳои Бохтар ва Данғара низ ҷалб шудаанд.

Нахустнамоиши филми «Решаҳо» дар остонаи Иди модарон ба нақша гирифта шудааст. Абдулҳай Зокиров, мегӯяд филм бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён рӯи навор меояд.

Лутфуллои Азиз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE