Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд таҷдиди роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд таҷдид ва барқарорсозии роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.

Масъалаи мазкурро 9 январ Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии Эмре Эсер баррасӣ карданд.

Завқӣ Завқизода иброз дошт, ки роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ як ҷузъи шоҳроҳи байналмилалӣ буда, барои баромадан ба роҳҳои кишварҳои хориҷӣ шароити хуб фароҳам меоварад.

«Роҳи мазкур аҳаммияти калони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои густариши мусофиркашонию боркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ, рушди сайёҳӣ, паст намудани нархи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд», — тазаккур дод Вазири рушди иқтисод ва савдо.

Дар идома ӯ зикр кард, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд сол то сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаҳои маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE