Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд
24 январ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии ФР Михаил Галузин баргузор гардид. Дар ин бора дар Сафорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот масоили марбут ба сафари дарпешистодаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, баррасӣ шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия