МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ҶАМЪОМАДИ ТАМРИНИ ДУЮМРО ДАР ДУШАНБЕ ШУРУЪ НАМУД
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷамъомади тамринии дуюми худро дар Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуруъ кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Олег Кубарев ба ин ҷамъомад 28 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар даъват кардааст. Ба далели номусоидии обу ҳаво даста тамринҳоро дар толори Академияи «Ювентус» дар Душанбе баргузор мекунад.
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе 19 январ ба Анталия сафар карда, тӯли як моҳ чанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷавонони мо дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) рақобат мекунад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Индонезия хоҳад шуд.