Равзанаи гузариши тобистона дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол то 28 июл идома меёбад

Дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол ҳафтаи гузашта равзанаи гузариши тобистона боз шуда буд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Равзанаи гузариши тобистона то 28 июл давом мекунад – дар ин давра дастаҳои Лигаи олӣ метавонанд, бозингарони навро ба ҳайати худ шомил созанд», — таъкид намуданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Давраи сабти ном барои дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон низ то 28 июл идома хоҳад ёфт.

Баъди ин муҳлат,  бошгоҳҳои Лигаи олӣ ва якум бозингарони навро дигар шомили ҳайат намуда наметавонанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE