Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон суҳбати телефонӣ анҷом дод

11 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сироҷиддин Мухриддин ҳамтои узбеки худро ба муносибати таъйиноташ ба ин мансаб самимона табрик намуда, ба ӯ дар кори масъулиятноки давлатӣ муваффакиятҳо таманно намуд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE