Имрӯз мусобиқаи байналмилалии Grand Slam Hungary 2022 оғоз мегардад
Аз 8-ум то 10-уми июл ҷудокорони қора дар мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Маҷористон ба масофи ҳам меоянд. Мусобиқа дар шаҳри Будапешт ҷараён гирифта, дар он 274 мард ва 197 зан аз 68 кишвари дунё, аз рӯи 7 вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ нерӯзмоӣ мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароқоравӣ Муҳаммад Муҳаммадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (- 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Имрӯз ду ҷудокори тоҷик Муҳаммад Муҳаммадизода (- 60 кг) ва Шаҳбоз Саидабуроров (- 66 кг) рақобатҳояшонро оғоз мекунанд.
Муҳамамад Муҳаммадизода зери вазни то 60 кг бо ҷудокори чинӣ Чу Дук Дат дар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунад.