«Роҳҳо ва механизми пешгирии зӯроварӣ дар оила» семенар-машварат дар Душанбе

Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳҳо ва механизми пешгирии зӯровари дар оила» семенари машваратӣ доир гардид. Дар кори он аслан мавзуоти зуровари нисбат ба занон ва наврасон дар оила ва ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тоҷиддин Сатторзода маълумоти бештар пешниҳод мекунад:

Дар кори семенари машваратии«Роҳҳо ва меҳанизми пешгирии зӯроварӣ дар оила»  намояндагон аз Ваколатдори оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрванди, нозирони минтакви оид ба пешгири зуровари дар оилаи чор ноҳияи пойтаҳт  ва равонишиносону коршиносон ширакт намуданд. Зарина Зуҳурзода- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, зимни  баромадаш аз ҷой доштани ҳолатҳои зуровари дар оила ёдрас шуда, изҳор дошт, ки новобаста аз чорандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти, баробарҳуқуқии занону мардон, ҳануз ҳам, ҳушунати хонаводаги аз масъалаҳои доғи ҷомеа боқӣ мемонад. Малоҳат Азизуллозода- мутахасиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузории чорабинии мазкурро барои масъулини соҳаҳои марбута ва ин қишри ҷомеа муҳим арзёби карданд.

Шараф Раҷабов -сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисоди,иҷтимои ва фарҳангии дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар ҶТ зимни баромадаш дар кори ин ҳамоиши машваратӣ изҳор дошт, ки дар заминаи Конститутсияи мамлакат баҳри пешгири зуровари дар оила , барбобар қуҳукии занону мардон барнома ва стратегиҳо кабул шудаанд, ки аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба ин табақаи ҷомеа гувоҳи медиҳад. Ба таъкиди ӯ дар соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар чандин шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла шаҳрҳои Кулобу Бохтар ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо занон дар маҳал мулоқотҳо барпо намуда, иҷроиши ин қонунҳоро аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори маҳал мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар кори семенари машваратии«Роҳҳо ва меҳанизми пешгирии зӯровари дар оила»  аз ҷониби дигар ноттиқон иттилоъ дода шуд, ки имруз ба хотири дастгирии занон,дар кишвар, 19 нозирони минтакви оид ба пешгири зуровари дар оила, 33 марказҳои буҳрони ва 3 паногоҳи мувакати ва беш аз сад марказҳои итилоотӣ ва машваратӣ фаъолият мекунанд. Ниссо Чумахонзода_мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвадии ноҳияи Шоҳмансури пойтаҳт, бар он назараст, ки  саривақт аз қайди давлатӣ нагузаштани наврасону занон боиси дар оянда ба хушунат рӯ ба рӯ шудани онҳо ҳоҳад гардид.

Зуҳро Қузибоева – мудири  шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсӣ,баргузории семенари- машварати оид ба зуровари дар оиларо муҳим ва саривакти маънидод карда, онро барои кормандони бахшҳои марбутаи мақомоти давлати як василаи табодули таҷриба дар самти пешгири аз зуровари дар оила медонад. Ба гуфтаи ӯ дар ноҳияи Фирдавсӣ имрӯз гурӯҳи фаъолзанон созмон ёфтааст, ки пайваста дар маҳалҳо бо ин табака машваратҳо доир менамоянд.

Дар идомаи кори семенари машваратии «Роҳҳо ва меҳанизми пешгирии Зӯровари дар оила», ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид, дигар нотиқон аз ҷумлаи равоншосон маърузаҳо намуда, чорабинии мазкуро  икдоми нек баҳри батараф намудани кирдорҳои зуроварӣ дар оила арзёби карданд. Гуфта шуд, ки дар оянда ба хотири коҳиш додани ин раванд, бояд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ аз ҷумла Суд, Прокуратура, Кумитаи дин корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҳарчи бештар чунин чорабиниҳоро васеъ бароҳ монанд, то ин қишр бештар аз ҳукуқҳои конститутсионии худ воқиф гарданд.

 

                                                                                      Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE