Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 “Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи солҳои 2011-2020 дар доираи татбиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тадбирҳои зиёди муҳиму муасир анҷом дода шуда, дар соҳаи тандурустии мамлакат пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии мамлакат, ки асоси воқеии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мамлакат ба ҳисоб меравад ба роҳбарияти вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки лоиҳаи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025-ро таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ҷиҳати такмил додани механизми пешгирии бемориҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси шарикӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои солимии худ ва атрофиён чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъди муҳокимаи аъзои ҳукумати мамлакат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо барои солҳои 2021-2030, Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар хотимаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки бо Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон гузаронидани ҳама гуна чораҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар тамоми қаламрави кишвар манъ карда шудааст.
Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат, таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ, дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ, пеш аз ҳама дар муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар ҳолат хуби омодагӣ нигоҳ доштани роҳҳо ва тамоми иншооти энергетикӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили боқимонда, махсусан пахта ва дар маҷмуъ назорати қатъии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.