«БТК Групп»-и Русия барои тавсеаи фаъолият ба корхонаи «СпитаменТекстайл» сармоя мегузорад
Роҳбарияти «БТК Групп»-и Федератсияи Русия тасмим гирифтааст, ки барои дастгирии хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва тавсеаи фаъолияти корхонаи «СпитаменТекстайл» сармоягузорӣ кунад. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Русия ҳайати вилояти Суғд дар шаҳри Москва бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои «БТК Групп» мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи сармоягузорони рус ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷалб карда шуд. Иброз гардид, ки дар ноҳияи Спитамен ҳамасола кишти пахта ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи «СпитаменТекстайл» метавон коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монд, ки ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Директори генералии гурӯҳи ширкатҳои «БТК Групп» Михаил Бочерев зимни мулоқот иттилоъ дод, ки ширкати мазкур бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дорад. Тибқи он ба кишти пахта дар вилояти Хатлон сармоягузорӣ намуда, дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯхти либосҳои пахтагин ба роҳ мондааст. Ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ дар вилояти Суғд низ имконпазир аст.
Дар мулоқот доир ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳамасола дар вилоят то 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда, имконот барои тавсеаи ҳамкорӣ фаровонанд.