ҲУШДОРИИ ҲАВОШИНОСОН АЗ ҲАВОИ САРД ВА ЯХБАНДӢ
22-23 январ дар ҷумҳурӣ якбора вазъи обу ҳаво номусоид шуда, бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 8-10 ва рӯзона то 10-15 дараҷа (ба истиснои ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Тавре дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 22 январ дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.