Дар Хоруғ оқибатҳои офати табиӣ бартараф гардида, ба зарардидагон кумак расонида мешавад

Рӯзи дуюм аст, ки дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷустуҷўи ҷасади ду нафар шаҳрвандони бе нишон гумшуда идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ситоди доимоамалкунанда фаъолият намуда, кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ, сохторҳои қудратию низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин сокинони маҳаллӣ ҷустуҷӯи ҷасади ду нафар шаҳрванди бе ному нишонгардидаро идома медиҳанд.

Ба масъулон дастур дода шудааст, ки барои беосеб аз байни тарма баровардани ҷасадҳои ҷустуҷӯшаванда аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Дар мавзеи мазкур барои нафароне, ки ба корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб шудаанд, хӯроки гарм омода гардида, барои ҳарчӣ зудтар дарёфт намудани ҷасадҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тамоми сокинон ва меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бе зарурат ба сафар набароянд, аз ҳаракат дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE