Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи «LET Aircraft Indusries» ва ширкатҳои содиротии Чехия боздид карданд
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз корхонаи «LET Aircraft Industries»-и Чехия боздид намуданд. Тавре дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, ҳадафи сафар шиносоӣ бо раванди истеҳсоли ҳавопаймои L410 NG, баррасии масъалаҳои омодасозии мутахассисони техникӣ ва парвозии ширкати ҳавопаймоӣ мебошад.
Намояндагони ширкати «Сомон Эйр» ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои содиротии «Czech Export Agency» ва Корпоратсияи «Export Guarantee & Insurance» оид ба масъалаҳои маблағгузории харидории эҳтимолии ҳавопаймоҳо вохӯриҳо анҷом доданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар Душанбе ҳавопаймои L410 –и истеҳсоли Чехия муаррифӣ гардид. Гуфта шуд, ки ҳавопаймои L-410 NG аз ҷониби Агентии аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, охирин модификатсияи ҳавопаймоҳои L-410 мебошад. Ҳавопаймо хусусияти беҳтаршудаи парвозиву истифодаро доро буда, бо технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳавопаймои L-410 охири солҳои 1960 тарҳрезӣ шуда, тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод. Ҳавопаймо барои алоқаи байни марказ ва навоҳии дурдаст, ҳамзамон барои эҳтиёҷоти авиатсияи тиббӣ истифода мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.