ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 25 феврал дар Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво дар назар аст

25 феврал бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард аз самти Сибири Ғарбӣ номусоид шудани вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар қисми зиёди ноҳияҳои мамлакат пастшавии ҳарорат то 10-12 дараҷа дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба гуфти манбаъ, бинобар ворид шудани ҳавои сард 25 феврал рӯзона дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошиддат ба амал омадани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар қисми зиёди ноҳияҳо пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа дар назар аст.

23-26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Бинобар сабаби боронҳои пуршиддат 25 феврал дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани сел аз эҳтимол дур нест.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE