Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мусобиқаи шашка ва шоҳмот доир гардид

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки пагоҳ, 1 июн таҷлил мешавад, миёни ҷавонону наврасон ва фарзандони кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе таҳти шиори «Шашка ва шоҳмот- тақвиятдиҳандаи зеҳн» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд. 

Дар мусобиқаи мазкур шумораи зиёди наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ширкат ва миёни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.

Баргузории чунин мусобиқаҳо бо мақсади инкишофи ҷисмониву зеҳнии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида, махсусан машғул шудан ба бозии шоҳмот метавонад дар инкишофу тақвияти зеҳни наврасон кумак расонад.

Масъулини мақомоти милитсияи пойтахт зимни баргузории мусобиқа иттилоъ доданд, ки минбаъд низ миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешаванд.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравию маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷавонону наврасон қишри ояндасози давлату миллат ба шумор рафта, ба илму дониш, тарзи ҳаёти солим ва варзиш фаро гирифтани онҳо дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ин аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста миёни наврасону ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE