ШАХСИ АЗ ҶИНОЯТ ПИНҲОНШУДА ДАСТГИР КАРДА ШУД
Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллуд 01.03.1962, зода ва сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.
Бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020 бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бинобар сабаби ба даъвати чандин каратаи кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор вогузор карда шуд.
05.12.2020 зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Одинаев Маҳмурод Шарифович дастгир карда шуда ба прокуратураи ш. Ҳисор дастрас карда шудааст.
Нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш. дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ