Тоҷикистон ва Беларус дар ҳудуди МОИ «Суғд» корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳоро таъсис медиҳанд

20 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли қолинҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», афзоиши содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк ва тақвият додани ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ баррасӣ гардиданд.

Дар хатми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари ҳамкории дуҷониба бо истифода аз имконотии зиёди мавҷуда баён доштанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE