ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ «СПУТНИК V» ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Истеҳсоли ваксинаи русии зиди коронавирус «Спутник V» дар Қазоқистон аз 22 –юми декабр оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон хабар додааст. Дар робита ба ин дирӯз сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин ба президенти ин кишвар Қосимжомарт Тоқаев доир ба раванди корҳо дар самти омодасозии ваксинаи қазоқистонии зиди коронавирус ҳисобот додааст. Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки тибқи созиши Тоқаев бо президенти Россия Владимир Путин аз 22-юми декабри соли равон дар Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» шуруъ мегардад.

Раҳмонзода Миҷгона

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE