ҶУДО. Панҷ узви мунтахаби Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия иштирок менамоянд

Панҷ нафар узви мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар Гранд Слами Анталия, ки аз 31 март то 2 апрел баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617 варзишгар (357 мард, 260 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд.

Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Анталияи Туркия сафарбар менамояд:

-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-66кг – Обид Ҷебов

-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода

-81кг – Шодмон Ризоев

-90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

Рақобатҳо чун анъана дар ҳафт вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро.

Барномаи мусобиқа:

31 март

Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг

Мардҳо: -60кг, -66кг

1 апрел

Бонувон: -63кг, -70кг

Мардҳо: -73кг, -81кг

2 апрел

Бонувон: -78кг, +78кг

Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE