Президенти IBA тасмим гирифтааст, ки дар Ҳисор 20 км роҳи дараи Алмосиро таҷдид намояд
Дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв тасмим гирифтааст, ки 20 километр роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро аз гардиши шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода навсозӣ ва таҷдид намояд. Дар ин бора дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Умар Кремлёв дар суҳбат бо Раиси шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст дараи Алмосии шаҳри Ҳисор- як гӯшаи Тоҷикистонро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш аст, обод намояд. Мавсуф ба раиси шаҳр мақсаду маром ва лоиҳаҳоеро, ки мехоҳад амалӣ намояд, аз қабили навсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтор дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки роҳ бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо ҷалби ширкатҳои маъруфи роҳсозии Тоҷикистон навсозӣ гардида, охири тобистони соли равон- дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв бо даъвати Раиси шаҳри Ҳисор инчунин бунёди Мактаби варзишӣ оид ба боксро дар минтақа ба уҳда гирифта, пешниҳод намуд, ки он ба номи падараш Назар Сафаров гузошта шавад. Таклифи мазкур пазируфта шуд.
Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб рафта, роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад. Мавсуф шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Серпуховаи вилояти Москва таваллуд шудааст.