Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хабаровск иштирок мекунанд

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 нафар аъзои дастаи мунтахаби мамлакатро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо ба шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия сафарбар менамояд. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.  

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 5 варзишгар дар вазни -66кг – Ориф Додов, -73кг – Илҳомиддин Ҷабборов, -81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода, -90кг – Акмал Муродов ва -100кг – Исроил Раҳимов шомил гардидаанд.

Варзишгаронро дар ин сафар мураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳӣ менамояд.

Мусобиқаи байналмилалии «Сайри касбии ҷудои Русия» дар Хабаровск 1-2 апрел доир мешавад. Дар мусобиқа ба ғайр аз дастаҳои Русия варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ низ иштирок хоҳанд кард.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE