Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омадааст
Дар Чин тӯфонҳои хоколуд ба амал омада, сатҳи баланди хатарнокии обу ҳаво эълон гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи иттилои Хадамоти марказии обуҳавосанҷии Чин, аз 11 то 12 апрел тӯфонҳои хоколуд ва чангу ғубор Синтсзян, Муғулистони Дохилӣ, Хэбэй, Шансӣ, Шэнсӣ, Хэнан, Ляонин, Тсзилин, Хэйлунтсзян, Анхой, Тсзянсу, Хубей ва инчунин бузургшаҳрҳоеро, чун Пекин, Тянтсзин ва Шанхай фаро мегиранд.
Тӯфонҳои шадиди хоколуд дар қисмати марказии Муғулистони Дохилӣ дар назар аст.
Сокинони Пекин аз субҳ пардаи хокистарии ғуборолуд ва тарҳҳои норавшани биноҳоро дар шаҳр мушоҳида мекунанд. Ифлосшавии ҳаво дар чанд минтақаи пойтахти Чин барои саломатӣ «хатарнок» арзёбӣ шудааст. Зичии моддаҳои заррачаҳои PM10 аз 1000 мкг/куб зиёдтар аст.
Обуҳавошиносон ваъда медиҳанд, ки то субҳи чаҳоршанбе вазъ беҳтар шуда, сатҳи олудагии ҳаво тадриҷан коҳиш меёбад.