МегаФон суръати дастрасии мобилиро дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон вусъат мебахшад
Дар семоҳаи якуми соли 2023 дар шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» қариб 50 пойгоҳи нави базавӣ (ПБ) насб карда шуд. Дар ҳамаи онҳо стандарти босуръати алоқа — 4G/LTE фаъол мебошад. Дар 20 пойгоҳи дигари базавӣ модернизатсияи таҷҳизот гузаронида шуд. Болоравии суръати интернети мобилӣ аз натиҷаҳои босамари рушди техникӣ иборат мебошад. Дар ноҳияҳои гуногун он аз 2 то 10 маротиба зиёд шудааст.
Баландбардории сифат ва дастрасии интернети мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст – ҳадафи стратегие мебошад, ки дар назди мутахассисони алоқа аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Бо иҷрои супориши Сарвари давлат МегаФон Тоҷикистон бунёду модернизатсияи инфрасохтори техникиро дар тамоми ҳудуди мамлакат амалӣ месозад.
Қисми асосии пойгоҳҳои нави базавӣ дар семоҳаи якум ба шаҳри Душанбе рост омад – ин ҷой оператори имконияти нави рақамӣ зиёда аз 30 ПБ-и насли чорумро насб намуд. Дар пойтахт, инчунин дар ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Турсунзода дастгоҳҳои таҳвилии якчанд пойгоҳҳои базавӣ иваз карда шуд. Ин чора имкон дод, ки зарфияти шабака васеъ карда шуда, қисми таҷҳизоте, ки дар он қаблан технологияи 4G фаъол набуд, «вусъат бахшида шавад». Дар он ҳудудҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо корҳои техникӣ гузаронида шуд, суръати интернет 2 маротиба боло рафт.
Дар вилояти Хатлон шабакаҳои таҳвили маълумот асосан дар ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ, Н.Хусрав, Ҷайҳун, Ёвон ва Хуросон васеъ карда мешуд. Дар навбати аввал муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» диққати махсусро ба он ПБ, ки сарбории онҳо бинобар зиёдшавии фаъолнокии истифодабарандагони интернет баландтар шуда буд, равона сохтанд. Аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи якум суръати миёнаи интернет, ки дар ин ноҳияҳо ба ҳар муштарӣ дастрас аст, аз 1 Мбит/с то 10 Мбит/с афзоиш ёфтааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳҳои базавӣ бо дастгирии стандарти 4G махсусан барои кормандоне, ки роҳи автомобилии Дарвоз – Рӯшонро бунёд менамоянд, гузошта шудааст. Бошишгоҳи сохтмончиён дар макони беодами кӯҳӣ ҷойгир аст, лекин акнун ба шарофати МегаФон имкон мешавад, ки дар он ҷой алоқаи боэътимод, интернети 4G ва хизматрасонии рақамии дар заминаи онҳо пешниҳодшаванда истифода бурда шавад.
Дар вилояти Суғд омодагӣ ба бунёди бомиқёс, ки оғози он дар семоҳаи дуюми соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, анҷом дода шуд. Ҷойҳо барои майдонҳои нави ПБ-и насли чорум дар шаҳрҳои Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Айнӣ, Ҷ.Расулов, Ғончӣ ва Мастчоҳ муайян карда шуданд.
Директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов изҳор дошт, ки «мо шабакаро инкишоф дода, хизматрасонии муосири рақамиро ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон мувофиқи мақсадҳои гузоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас мегардонем. Замоне МегаФон аввалин шуда, ба азхудкунии навоҳии дурдаст ва нуқтаҳои хурди аҳолинишин оғоз карда буд. Мо чунин сиёсати корро ба манфиати шаҳрвандон ва рақамикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ идома медиҳем».
АКС: МегаФон Тоҷикистон