Гаҳвораи умеду орзуҳои тоҷикон

«Агар мо давлати сохибистиқлолу озоди худро дӯст дорем, дар навбатии аввал бояд пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он ҳама имконияту захираҳоро истифода барем ва исбот кунем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».Эмомалӣ Раҳмон

  Ҳарсола дар Ватани маҳбубамон 15 апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт таҷлил карда мешавад.Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе бо беш аз 150 шаҳри дунё робитаи судманди иқтисодиву фарҳангӣ дошта,аз ҷониби тамоми коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз  зеботарин шаҳрҳои олам эътироф гардидааст,ки ин, албатта,мӯҷиби ифтихори ҳар як ватандор аст. Дар 32 соли истиқлоли давлатиамон пойтахти зебоямон ш. Душанбе дарвоқеъ ба як шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муҳташами иҷтимоиву фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳу осмонбӯси истиқоматӣ, боғхои дилпазири фароғатӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ, роҳҳои мумфарши сатҳи байналмилалӣ, гулгашту хиёбонҳои дилрабо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ табдил пазируфт.

     Душанбеи азизамон тайи солиёни истиқлол мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи байналхалқӣ гардид,масалан: ҳамоиши 1100-солагии давлати Сомониён, ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Иттиҳоди Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, симпозиумҳои «Таҷрибаи таърихии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон», «Аҳамияти байналмилалии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии ЧТ», форумҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе-макони фарҳанг ва равобити сайёҳӣ», «Душанбе-инвест-2021» ва чандин форумҳои сатҳи баланд оид ба масойили об.Баргузории чунин ҳамойишу чорабиниҳои сатҳи баланд аз рӯзафзун боло рафтани имиҷи ш.Душанбе миёни пойтахтҳои давлатҳои дунё гувоҳӣ медиҳад,ки ин,бешакке, мояи сарфарозиву шукргузориҳои мост.

   Дар ободу зебогардонии пойтахти тоҷикон хидматҳои роҳбари ҷавони нексиришт, кордон, миллатфидо, Шаҳриёри муҳтарам Рустами Эмомалӣ беназиру шоистаи таҳсинҳост, ки тавонистанд дар як муддати кӯтоҳи таърихие Душанберо ба як шаҳри зеботарину ободтарини олам табдил диҳанд.Азму талошҳои миллатдӯстонаи ин ҷавони ташаббускору ватанпараст дар ободгардониҳо намунаи олии парастишу арҷгузориҳо ба ғояи олии меҳанпарастист. Аз баракати ин Шаҳрдори зебоиофар Душанбе гулбасар шуд, нозанинтар шуд,  ифтихори ҳар ватанпарвар шуд:

                      Рустами мо ин Душанберо гулистон кардааст,

                      Ин маконро бо талошаш боғу бӯстон кардааст.

                       Бо саодат, бо саховат, бо садоқат бар Ватан

                       Ӯ Душанберо баҳори сулҳу эҳсон кардааст.

     Ҳар яки мо муваззафем, ки  фарҳанги баланди шаҳрнишинии худро ба меҳмонону дӯстони хориҷӣ нишон диҳем, онҳоро бо меҳмоннавозии самимонаи тоҷикии худ истиқболу гусел намоем, гулгашту хиёбонҳои зебо ва хонаву коргоҳҳои барҳавои худро тоза нигоҳ дорем, барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ҳамеша дар паҳлӯи Шаҳрдори зебоиофари худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем.                     

  Ҳайати кормандони радиои сермухлиси “Садои Душанбе”-минбари волои инъикоси рӯйдодҳои кишвару пойтахт ва дастовардҳои муҳимтарини тамоми  соҳаҳои ҳаётии пойтахт  ҳамватанони азизро бо Рӯзи пойтахт таҳният мегӯянд.Бигзор,ки пойтахти зебои тоҷикон ш.Душанбе то ба садҳо соли дигар ифтихори тамоми тоҷикони дунё бошад!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE